Вазорати беҳдошти Яман: Сукути Созмони милал дар баробари ҷиноёти эътилофи Саудӣ шармовар аст
(last modified 2019-01-20T14:24:00+00:00 )
Январ 20, 2019 19:24 Asia/Dushanbe
  • Вазорати беҳдошти Яман: Сукути Созмони милал дар баробари ҷиноёти эътилофи Саудӣ шармовар аст

Вазорати беҳдошти Яман бо судури баёнияе сукути Созмони милал ва намояндаи он дар баробари ҷиноёти нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Санъоро маҳкум кард.

Ҷангандаҳои режими Саудӣ шаби гузашта Санъои пойтахти Яманро 24 навбат ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд, ки ба дунболи он 3 нафар кушта ва шуморе низ захмӣ шуданд.  

Вазорати беҳдошти Яман дар ин баёния таъкид кард: Масъулияти қонунии инсонӣ ва ахлоқии ин ҷиноёт мутаваҷҷеҳи мутаҷовизони Саудӣ аст.