Зиндонӣ шудани мақоми афғон ба ҷурми табъизи қавмиятӣ
(last modified 2019-01-22T12:50:53+00:00 )
Январ 22, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани мақоми афғон ба ҷурми табъизи қавмиятӣ

Расонаҳои хабарии Афғонистон аз зиндонӣ шудани як мақоми собиқ ба иттиҳоми табъиз гузоштан миёни ақвоми мухталифи ин кишвар хабар доданд.

Ҷамшеди Расулӣ, сухангуи дафтари Додситонии кулли Афғонистон эълом кард, Савобиддин Махкаш, муовини пешини идораи назорат ва арзёбии идораи умури ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар ба иттиҳоми нақзи қонуни “тасовии ҳуқуқи қавмӣ ва мазҳабӣ” ба ду сол ҳабс маҳкум шуд.

Савобиддин Махкаш аз аъзои собиқи тими интихоботии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, дар раванди истихдом ва ба коргирии нерӯ ба нафъи ақвоми паштун амал кардааст.

Ашраф Ғанӣ низ дар бораи амалкарди Махкаш гуфта буд, изҳороти ин узви собиқи идораи умури ниҳоди раёсатҷумҳурии Афғонистон мабнӣ бар инки ҳузури кормандони тоҷик, ҳазора ва узбактабор дар ниҳодҳои давлатӣ бояд коҳиш ёбад, дидгоҳи шахсии Махкаш будааст ва ҳеҷ иртиботе бо назар ва дидгоҳи давлат ва раёсатҷумҳурӣ надорад.

 

Барчасп