Интиқоди шадиди Созмони милал аз нокоромадии қудратҳои ҷаҳонӣ
(last modified Sat, 26 Jan 2019 11:42:12 GMT )
Январ 26, 2019 16:42 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Созмони милал аз нокоромадии қудратҳои ҷаҳонӣ

Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар рӯйкард ва сиёсатҳои якҷонбагароёнаро дар бархурд бо масоили ҷаҳонӣ бо шиддате бештар дар пеш гирифтааст.  

Пофишории Трамп бар идомаи якҷонбагароӣ боиси ба хатар афтодани чандҷонибагароӣ ба унвони улгуи равобити байналмилалӣ дар асри кунунӣ шудааст.

Ибрози нигаронии бисёре аз мақомоти аршад давлатҳо ва мақомоти аршади Созмони милал аз сиёсатҳоии якҷонбагароёнаи Трамп нишонгари рӯйкарди ҷаҳонӣ дар заминаи лузуми ҳифзи чандҷонибагароӣ аст.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милал гуфт, ки ҷаҳон бо чандпорагӣ мувоҷеҳ аст ва ҳушдор дод, ки равобити миёни Амрико, Русия ва Чин нокоромад аст.  

Гутерреш таи суханоне дар Иҷлоси ҷаҳонии иқтисод дар Довуси Швейтсария изҳор дошт: Равобити миёни се қудрати муҳим яъне Русия, Амрико ва Чин ҳаргиз мисли имрӯз нокоромад набудааст.  

Давраи гузор ба сӯи ҷаҳони чандқутбӣ ва ҳаракат аз якҷонбагароӣ ба чандҷонибагароӣ, асосан даврае пурошуб аст ва ба ҳамин далел шоҳиди навъе сардаргумӣ ва ҳарҷу марҷ дар назми ҷаҳонӣ ҳастем.

Хусусияти ин давраи гузорро бояд вуқуи таҳаввулоти ғайри қобили пешбинӣ донист.

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар авосити январи 2019 дар твитте навишт: Мо ба системае ниёз дорем, ки дар он тасмимҳо ба шакли ҷамъӣ гирифта мешавад, масъулиятҳо тақсим мешавад ва ҳама дар иқдоми ҷамъӣ мушорикат доранд.  

Рӯйкарди чандҷонибагароӣ ва шаклгирии марокизи ҷадиди қудрати иқтисодӣ ва нуфузи сиёсӣ дар ҷаҳони мавриди дилхоҳ ва матлуб ва дар ростои манофе Амрико нест.

Ба ҳамин далел Вашингтон ба вижа дар давраи Трамп талоши худро маътуф ба ҷилавгирӣ аз таҳаққуқи комили он кардааст.

Ин рӯйкарди Амрико мунҷар ба инзивои рӯзафзуни ҷаҳонии он шудааст.