Вокуниши узви Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон ба ҳукми ҳабси абади Шайх Салмон дар Баҳрайн
(last modified 2019-02-07T12:34:18+00:00 )
Феврал 07, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши узви Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон ба ҳукми ҳабси абади Шайх Салмон дар Баҳрайн

Муовини умури байналмилалии Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон гуфт, ҳукми ҳабси абад барои Шайх Алӣ Салмон, дабири кулли Ҷамъияти ал Вифоқи Баҳрайн бо фишори Арабистон ба додгоҳи олии он кишвар содир шудааст.

Шафқат Шерозӣ, рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба судури ҳукми ҳабси абад барои Шайх Алӣ Салмон аз сӯи Додгоҳи олии Баҳрайн гуфт, муттаассифона ҳурмат ва арзиши Додгоҳи олии Баҳрайн барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ дар ин кишвар, поймол ва тасмимоти ин додгоҳ бо мудохилаи берунӣ ва бо тавсияи Арабистон анҷом мешавад.

Вай ҳукми ҳабси абад барои Шайх Алӣ Салмон ва ҳамчунин Шайх Ҳасан Султон ва Алӣ Ал Асуд аз аъзои аршади ин ҷамъиятро маҳкум кард ва афзуд, Баҳрайн аз 8 сол пеш ба бадтарин буҳрони сиёсии дохилӣ дучор шудааст ва Оли Халифа ҳам мехоҳад ин буҳронро тӯлонӣ кунад, то мардумро аз мутолибагарӣ нисбат ба ҳукумат дур нигаҳдорад.

Шафқат Шерозӣ гуфт, Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон ин иқдоми ноҷавонмардонаро маҳкум ва аз мардуми Баҳрайн ҳимоят мекунад ва аз созмонҳои ҳуқуқи башар ва маҷомеи ҷаҳонӣ мехоҳад, ба фарёди мардуми Баҳрайн бирасанд.

Барчасп