Тармп қонуни “копирайт”-ро нақз кард
Раиси ҷумҳурии Амрико видеоеро дар сафҳаи Твиттери худ мунташир карда буд, ки ба далели нақзи қонуни “копирайт” (ҳуқуқи муаллифӣ), ин видео аз сафҳаи ӯ ҳазф шуд.
Ба гузориши шабакаи CNBC, видеое ки Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе дар ҳисоби Твиттери худ алайҳи демократҳо мунташир кард, ба далели нақзи қонуни “копирайт” аз сафҳаи ӯ ҳазф шуд.
Гурӯҳи мусиқии роки “R.E.M” ба далели истифодаи Трамп аз яке аз оҳангҳои ин гурӯҳ дар ин видео ва нақзи қонуни “копирайт”, аз Твиттер дархост кард, ки ин видеоро ҳазф кунад.
Ин видео вокуниши демократҳоро дар ҳангоми суханронии солонаи Доналд Трамп, дар муқобили Конгресс ба масхара мегирад.
Дар ин видео мунтақидони Трамп, аз ҷумла Берни Сандерз (Bernie Sanders) сенатори мустақил ва Александриа Оказио-Кортез (Alexandria Ocasio-Cortez) узви демократи маҷлиси намояндагони Амрико ҳузур доранд.
Раиси ҷумҳурии Амрико борҳо дар сафҳаи Твиттери худ ба мунтақидонаш ҳамла ва филм ё аксҳоеро алайҳи онҳо мунташир кардааст.