Феврал 24, 2019 21:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кореяи Шимолӣ ба Амрико дар остонаи дидори дувуми сарон

Кореяи Шимолӣ натиҷаи шикасти музокироти сарони ин кишвар бо Амрико дар Ветнамро тадовуми таҳдид барои Амрико хонд.  

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ KCNA ҳушдор дод, чунончи дувумин Нишасти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Ҳанои Ветнам тибқи хостаи нерӯҳои мухолиф бидуни натиҷа поён ёбад, Вашингтон ҳеҷгоҳ аз таҳдидҳои амниятӣ дар амон нахоҳад буд.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ бо интиқод аз иқдомоти демократҳои Амрико дар ростои тавтеа барои коршиканӣ дар дувумин Нишасти раҳбарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ, Вашингтонро ба гуш фаро додан ба мухолифони гуфтугӯ муттаҳам кардааст.

Сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ қарор аст, 27-28 феврал барои дувумин бор дар Ҳанои Ветнам бо якдигар дидор кунанд.

 

Барчасп