Амрико осори бостонии Афғонистонро тороҷ кардааст
(last modified 2019-02-27T05:35:10+00:00 )
Феврал 27, 2019 10:35 Asia/Dushanbe
  • Амрико осори бостонии Афғонистонро тороҷ кардааст

Вазорати дифои Англия эълом кард, низомиёни амрикоӣ дар соли 2009 осори бостонии мутааллиқ ба қарни ҳаждаҳумро аз вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба тороҷ бурдаанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Вазорати дифои Англия шавоҳидеро дар бораи ғорати осори бостонии Афғонистон ба Пентагон ироа кардааст, ки нишон медиҳад, низомиёни амрикоӣ дар соли 2009 бо ҳаффорӣ ва бардоштани таслиҳот ва амволи қурбониёни ҷанги Майванд дар Қандаҳор, қонунҳои байналмилалиро нақз кардаанд.

Дар соли 1880 ҷанги шадиде байни афғонҳо ва англисҳо дар ноҳияи Майванди Қандаҳор рух дод, ки бузургтарин шикасти таърихии низомиёни англисро рақам зад.

Рӯзномаи англисии “Дейли мейл” дар ин бора навишт, атиқаҳои арзишманд, таслиҳот ва амволи шахсии касоне, ки дар ҷанги Мейванд кушта шуданд, ҳамроҳ бо аҷсодашон дафн шуда буд, ки аз сӯйи низомиёни амрикоӣ ғорат шуда ва дар маҷмӯаҳо ё вебсайтҳои онлайн ба фурӯш расидаанд.

Вазорати дифои Англия аз Пентагон хостааст, дар бораи ғоратгарии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон, ки таҳти унвони мубориза бо терроризм ба ин кишвар эъзом шудаанд, таҳқиқ кунанд.

Пештар низ бархе расонаҳои байналмилалӣ аз ғорати осори бостонии Афғонистон тавассути низомиёни амрикоӣ ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар ин кишвар хабар дода буданд.

Афғонистон аз назари фарҳангӣ ва таърихӣ дорои мероси пурборе аст, аммо бисёре аз осори бостонии Афғонистон ба далели ҳамлаи низомиёни хориҷӣ дар гузашта ё ба тороҷ рафта ва ё тахриб шудаанд.

 

 

Барчасп