Интиқоди Созмони Милал аз озодии ноқизони ҳуқуқи башар дар Арабистон
(last modified Mon, 04 Mar 2019 15:47:10 GMT )
Март 04, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони Милал аз озодии ноқизони ҳуқуқи башар дар Арабистон

Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо интиқод аз саркӯби фаъолони ҳуқуқи башар дар Арабистон, аз Риёз хост, ноқизони ҳуқуқи башарро муҷозот кунад.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал аз давлати Саудӣ хост то мубориза бо терроризмро баҳонае барои саркӯби фаъолони ҳуқуқи башар қарор надиҳад.

Дар баёнияи ин комиссариат таъкид шудааст, ки ноқизони ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ комилан озод ҳастанд ва ҳеҷ гуна муҷозоте алайҳи онҳо эъмол намешавад.

Рӯзномаи амрикоии “Вол сирит журнал” пеш аз ин ба нақл аз мақомоти саудӣ ва амрикоӣ гузориш дод,  Сауд Алқаҳтони, ки ба дастури Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди оли Сауд нақш дошт, ҳамчунон ба унвони мушовири дарбори саудӣ фаъолият мекунад.

Бо вуҷуди ин ки ниҳодҳои байналмилалӣ гузоришҳои зиёде дар хусуси нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ мунташир кардаанд, аммо режими оли Сауд бо ҳимояти давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба ҳамаи ин гузоришҳо бетаваҷҷуҳ аст.