Март 06, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз мудохилаи низомии Амрико дар Венесуэла

Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар бораи иҷрои сенарияи мудохилаи низомии Амрико дар Венесуэла ҳушдор дод.

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС эълом кард, Русия ба шиддат нигарони тарҳҳои Амрико дар заминаи мудохилаи низомӣ дар Венесуэла аст.

Рябков афзуд, Амрико фақат дар пайи баҳонае барои истифода аз тавони низомии худ дар Венесуэла аст. Ба ҳамин далел мақомоти Русия дар тамоми сутуҳ, азҷумла дар музокироти телефонии ахири вузарои умури хориҷаи ду кишвар, тарафи амрикоиро аз даст задан ба чунин иқдоме барҳазар доштаанд.

Ин дипломати рус таъкид кард, тайи солҳои ахир давлати Амрико иқдомоти низомии зиёдеро бар хилофи маншури Милали Муттаҳид анҷом дода, ки барои кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилал бисёр хатарнок аст.

Буҳрони Венесуэла 23 январи 2019 ташдид шуд. Замоне, ки Хуан Гуайдо бо ҳимояти ошкори Амрико худро раисҷумҳури Венесуэла хонд. Иқдоме, ки давлат ва миллати ин кишвар онро кудато алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.

Бисёре аз кишварҳо, азҷумла Эрон, Русия ва Чин ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимияти миллии Венесуэла таъкид кардаанд.

Ниҳодҳои байналмилалӣ, азҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳам зимни мухолифат бо ҳар гуна мудохилаи низомӣ дар Венесуэла, бар лузуми иттихози роҳи ҳалҳои сиёсии асосёфта бар гуфтугӯ дар ин кишвар таъкид кардаанд.

 

Барчасп