Ҳамлаи ифротиён ба масҷиде дар Лондон
(last modified Sat, 16 Mar 2019 07:44:59 GMT )
Март 16, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ифротиён ба масҷиде дар Лондон

Камтар аз 24 соат пас аз ҳамалоти террористӣ ба ду масҷид дар Зелландияи Нав, ҳамлаи ифротиён ба масҷиде дар Лондон як захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши рӯзномаи бритониёии “Индепендент” се фарди ифротӣ рӯзи ҷумъа бо сар додани шиорҳои иҳонатомез алайҳи мусалмонон дар саҳни беруни масҷиде дар Лондон, пойтахти Британия бо силоҳи сард ба ин масҷид ҳамла карданд.

Полиси Лондон захмӣ шудани як ҷавон дар ин ҳамларо таъйид кардааст.

Ба гузориши полиси Лондон, мазнунон пеш аз расидани нерӯҳои полис аз маҳал фирор кардаанд.

Ин ҳодиса дар шароите рӯй дод, ки пештар давлати Британия аз афзоиши зарбаҳои амниятии масоҷид дар пайи ҳамалоти террористии Зелландияи Нав  хабар дода буд.

Террористҳои мусаллаҳ рӯзи ҷумъа бо вуруд ба ду масҷид дар шаҳри Крейстчерчи Зелландияи Нав ба самти намозгузорон оташ кушоданд, ки дар ин ҷинояти ҳавлнок 50 намозгузор кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

То кунун бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ин ҷинояти ваҳшиёнаро маҳкум кардаанд.