Назарсанҷӣ: Яҳудиёни Амрико аз Трамп рӯй гардонданд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42513-Назарсанҷӣ_Яҳудиёни_Амрико_аз_Трамп_рӯй_гардонданд
Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки мизони ҳимояти яҳудиёни Амрико аз раисҷумҳури ин кишвар бисёр поин аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 17, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ: Яҳудиёни Амрико аз Трамп рӯй гардонданд

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки мизони ҳимояти яҳудиёни Амрико аз раисҷумҳури ин кишвар бисёр поин аст.

Ба гузориши рӯзномаи “Haaret”, чопи Фаластини ишғолӣ, натоиҷи назарсанҷии муассисаи “Галоп” нишон медиҳад, ки 71 дарсад аз яҳудиёни ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ гуфтанд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро таъйид намекунанд. Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, фақат 26 дарсади яҳудиёни амрикоӣ аз Доналд Трамп ҳимоят мекунанд. Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, бо вуҷуди ҳимояти Трамп аз яҳудиён маҳбубияти вай дар миёни яҳудиёни амрикоӣ ҳамчунон фоҷиабор ва дар воқеъ, поинтарин мизон дар миёни чандин гурӯҳи мазҳабӣ аст, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Трамп тайи ҳафтаи гузашта ду бор дар бораи як созмони яҳудии ростгароро, ки барои мутақоид кардани раъйдиҳандагони яҳудии амрико ба пуштибонӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ фаъолият мекунад, дар “Твиттер” навишт.

Ин назарсанҷӣ ҳамчунин назари протестантҳо, католикҳо, ва мормонҳоро арзёбӣ кардааст, аммо ширкаткунандагони яҳудӣ манфитарин дидгоҳро дар бораи Трамп доштанд ва камтар аз бақияи гурӯҳҳо худро ҷумҳурихоҳ муаррифӣ кардаанд.

Дар Конгресс аз ҳудуди 40 намояндаи яҳудӣ фақат ду нафар ҷумҳурихоҳ ҳастанд.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ бо назарсанҷиҳои дигар, ки тайи як соли гузашта анҷом гирифтааст ва низ бо натоиҷи интихоботи миёндавраии соли 2018, ки 78 дарсад аз яҳудиёни амрикоӣ ба номзадҳои демократ ва 17 дарсад ба номзадҳои ҷумҳурихоҳ раъй доданд, мутобиқат дошт.