Мувофиқати кобинаи Зелландияи Нав бо ислоҳи қонуни ҳамли силоҳ
(last modified Mon, 18 Mar 2019 12:25:28 GMT )
Март 18, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати кобинаи Зелландияи Нав бо ислоҳи қонуни ҳамли силоҳ

Дар пайи ҳамлаҳои террористии ахир ба ду масҷид дар шаҳри Крейстчерчи Зелландияи Нав, давлати ин кишвар бо ислоҳи қонуни ҳамли силоҳ мувофиқат кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҷасинда Ардерн, нахуствазири Зелландияи Нав имрӯз, душанбе ба хабарнигорон гуфт, ислоҳи қонуни ҳамли силоҳ боис мешавад, ки ҷомеаи Зелландияи Нав дар оянда амнтар шавад.

Нахуствазири Зелландияи Нав гуфт, дар рӯзҳои оянда ҷузъиёти бештаре аз ислоҳи қонуни ҳамли силоҳ дар ин кишвар эълом хоҳад шуд.

Дар Зелландияи Нав ҳудуди як миллиону 500 ҳазор қабза силоҳ дар ихтиёри мардум аст.

Дар ин кишвар ҳар фарде, ки ба шонздаҳсолагӣ мерасад, метавонад силоҳ харидорӣ кунад.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи террористӣ ба масҷидҳои Линвуд ва Нур, дар шаҳри Крейстчерчи Зелландияи Нав 52 нафар ҷон бохтанд ва 47 нафари дигар захмӣ шуданд.