Ҳушдори CNN дар бораи заволи рӯзафзуни саломати ақлии Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42569-Ҳушдори_cnn_дар_бораи_заволи_рӯзафзуни_саломати_ақлии_Трамп
Шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба гузоришҳои равоншиносӣ ҳушдор дод, саломати ақлии раисҷумҳури Амрико рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 19, 2019 16:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори CNN дар бораи заволи рӯзафзуни саломати ақлии Трамп

Шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба гузоришҳои равоншиносӣ ҳушдор дод, саломати ақлии раисҷумҳури Амрико рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии CNN, Ҷорҷ Конвей, ҳамсари Келянне Конвей, мушовири аршади Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва мудири собиқи рақобатҳои интихоботии вай дар “Твиттер” навишт, вазъи ақлии Трамп рӯ ба вахомат аст ва тамоми амрикоиҳо бояд дар ин бора ба таври ҷиддӣ биандишанд. Ҷорҷ Конвей дар твиттҳои худ бо истинод ба гузоришҳои равоншиносӣ навиштааст, ки Трамп аз ихтилоли шахсиятии худшефтагӣ ва зидди иҷтимоӣ будан ранҷ мебарад.

Доктор Лизе Ван Сустерен, равонпизишки амрикоӣ дар ин бора ба CNN гуфт, ки Трампро муоина накарда, аммо бо таваҷҷуҳ ба он чӣ аз вай дар телевизион дида, ба ин натиҷа расидааст, ки ӯ ихтилолоти шахсиятии ишорашударо дорад.

То кунун чандин муассисаи илмии равоншиносӣ дар Амрико дар бораи фуқдони саломати ақлӣ ва равонии Трамп ҳушдор дода ва эълом кардаанд, вай салоҳияти равонӣ ва рафтории лозимро барои ба анҷом расондани масъулияти раёсатҷумҳурии ин кишвар надорад.