Николас Мадаро хабар дод, Амрико 5 миллиард доллар аз Венесуэла ба сирқат бурд
(last modified Thu, 21 Mar 2019 13:52:13 GMT )
Март 21, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Николас Мадаро хабар дод, Амрико 5 миллиард доллар аз Венесуэла ба сирқат бурд

Раиси ҷумҳури Венесуэла дар як суханронӣ гуфт, ки давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 5 миллиард доллар аз манобеъе, ки Венесуэла барои дору ихтисос дода будро дуздида аст.

Ба гузориши Радиои дарӣ, раиси ҷумҳури Венесуэла бо таъкид бар инки Амрико ҷиноятомезтарин иқдомотро алайҳи Венесуэла анҷом додааст аз сирқати 5 миллиард доллар аз дороиҳои ин кишвар, ки барои дору ихтисос дода шуда буд хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Николас Мадаро раиси ҷумҳури Венесуэла дар як маросими вижа дар Корокос, ки барои тавсеъаи санъати доруӣ баргузор шуд аз сирқати 5 миллиард долларии дороиҳои ин кишвар дар ҳавзаи дору тавассути амрикоиҳо хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳукумати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аз мо 5 миллиард доллар, ки барои дору ва хариди таҷзҳизоти аслии тавлиди дору дар Венесуэла ва таҳвили онҳо ба шабакаҳои дармонӣ, бемористонҳо, дорухонаҳо ва ёрии таъҷилӣ ихтисос дода шуда будро дуздид.

раиси ҷумҳури Венесуэла бо таъкид бар инки давлати Амрико ва шахси Трамп масъули анҷоми ҷиноятомезтарин иқдомот алайҳи мардуми Венесуэла будааст, афзуд онҳо бар рағми ин иқдомот муддаӣ шудаанд, ки барои ироаи кумакҳои инсонӣ ба Венесуэла омодагӣ доранд.

Изҳороти Мадаро дар бораи сирқати амволи Венесуэла дар ҳоле сурат гирифта, ки иқдомоти ғайри қонунӣ ва мудохилаҷӯёнаи амрикоиҳо дар бораи таҳаввулоти ин кишвари Амрикои лотин ҳамчунон идома дорад.

Давлати Трамп севвуми баҳмани соли гузашта ба фосилаи ним соат баъд аз иқдоми Хуан Гуайдо дар эъломи худаш ба унвони раиси ҷумҳури вақти Венесуэла аз ин иқдоми ғайри қонунӣ ҳимоят кард ва ӯро ба унвони раиси ҷумҳур ба расмият шинохтааст.

Аз он замон амрикоиҳо бо анвоъи иқдомот ва таҳдидҳо дар ҳоли фишор алайҳи давлати қонунии Мадаро ва ҳимоят аз раиси ҷумҳури худхонда ҳастанд.

Давлати Амрико зимни тавқифи амвол ва дороиҳои Венесуэла дар бонкҳои амрикоӣ ва эъмоли таҳрим алайҳи давлати Мадаро ва ҳомиёнаш амокини депломатики Венесуэла дар Амрикоро ҳам ба мақомоти вобаста ба раиси ҷумҳури худхонда таҳвил додааст.

 

 

Барчасп