Ҷоми Ҷаҳонии Футзал. Тими миллии футзали Тоҷикистон ҳарифи Марокаш нашуд/ Эрон тӯфонӣ оғоз кард
(last modified 2024-09-17T05:43:41+00:00 )
Сентябр 17, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми Ҷаҳонии Футзал - 2024
    Ҷоми Ҷаҳонии Футзал - 2024

Тими миллии футзали Марокаш дар нахустин дидори худ дар Ҷоми Ҷаҳонии Футзал аз садди Тоҷикистон убур кард.

Дар яке аз дидорҳои гуруҳи “E” дар даври аввали рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футзали 2024 дар Узбакистон, рӯзи душанбеи 16 сентябр, тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Марокаш ба масофи ҳам рафтанд, ки ин бозӣ дар поён бо натиҷаи 4 бар 2 ба суди Марокаш хотима пайдо кард.

Дар дигар дидори ин гуруҳ ҳам тими миллии футзали Португалия, ки мудофеи унвони қаҳрамонии ин мусобиқот аст, ба масофи Панама рафт ва бо натиҷаи пурголи 10 бар як ба бартарӣ расид.

Аммо дар гуруҳи “F” тими миллии футзали Эрон ба масофи Венесуэла рафт ва бо натиҷаи 7 бар як ба бартарӣ расид ва дар дигар бозии ин гуруҳ Фаронса Гватемаларо бо натиҷаи 6 бар 3 мағлуб кард.

 

Барчасп