Март 25, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Панҷ миллион бритониёӣ номаи лағви “Брекзит” - ро имзо карданд

Беш аз панҷ миллион бритониёӣ бо имзои номае хостори боқӣ мондани ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ва лағви банди 50 –и Паймони Аврупо шуданд.

Ба гузориши “Евро Нюс”, ин теъдод аз шаҳрвандони бритониёӣ дар номае ки имзо карданд, аз давлати Тереза Мэй, нахуствазир хостанд то барномаи хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (Брекзит) - ро лағв ва раванди иҷрои моддаи 50 - и Паймони Аврупоро мутаваққиф кунад.

Дар ин нома, ки метавон онро дар веб-сайти парлумони Бритониё мушоҳида кард, омадааст: давлат борҳо иддао кард, ки хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо хости мардуми Британия аст, аммо шаҳрвандони Британия бояд ба кумаки ҳимоятҳои мардумӣ, ҷилави такрори чунин иддаоеро бигиранд то дар Иттиҳоди Аврупо боқӣ бимонанд.

Бо фаъол шудани банди 50 –и Паймони Аврупо дар 29 –уми марти соли 2017, раванди ҷудоии Британия аз Иттиҳоди Аврупо оғоз ва поёни ин раванд 29 –уми марти соли 2019 таъйин шуд.

Бар асоси қонунҳои Британия, танҳо бо рақаме беш аз 100 ҳазор имзо низ, муҳтавои тӯмор (нома) ба таври автоматӣ қобили баҳс дар парлумони Британия хоҳад буд.

Ин тӯмор чаҳоршанбешаби 20 март дар веб-сайти парлумон гузошта шуд ва танҳо дар ду соати аввал тавонист беш аз 100 ҳазор имзо ҷамъ кунад.

Парлумони Британия рӯзи панҷшанбеи 14 март бо 412 раъйи мувофиқ дар баробари 202 раъйи мухолиф, лоиҳаи ба таъхир афтодани “Брекзит” – ро тасвиб кард.

Ин раъй ба маънии он аст, ки Британия 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ нахоҳад шуд.