Март 26, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми зиддиэронии Фейсбук дар ҳазфи сафҳаҳои садҳо корбар

Фейсбук бори дигар садҳо сафҳа, гурӯҳ ва ҳисоби муртабит бо Эронро бо иддаои рафтори номӯътабар ҳазф кард.

Ба гузориши Рейтер, ширкати Фейсбук имрӯз сешанбе эълом кард, ки 513 сафҳа, гурӯҳ ва ҳисоб дар Фейсбукро ҳазф кардааст.

Гардонандагони ин шабакаи иҷтимоӣ муддаӣ шудаанд, ки соҳибон ин сафаҳот, дидгоҳҳои Эронро дар мавриди мавзӯъоте аз қабили таҳримҳо, таҷовузи низомии Арабистон ба Яман, буҳрони Сурия ва танишҳо миёни Ҳинд ва Покистон таблиғ кардаанд.

Фейсбук афзун бар ҳисобҳои муртабит бо Эрон, 1907 ҳисоби корбарии марбут ба Русияро низ ҳазф кардааст.

Ширкати амрикоии Фейсбук дар моҳи январ низ бо иддаое мушобеҳ, шумори дигаре аз ҳисобҳои корбарони эрониро ҳазф карда буд.