Мамнуияти фаъолияти “Би Би Си” дар Бурунди
Март 30, 2019 06:39 Asia/Dushanbe
Шӯрои миллии иртибототи Бурунди рӯзи ҷумъа ҳар гуна фаъолияти шабакаи телевизионии “Би Би Си” -и Британияро дар хоки он кишвар мамнуъ эълом кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Шӯрои миллии иртибототи Бурунди пеш аз ин низ фаъолияти радиои “Би Би Си” –ро дар ин кишвар мамнуъ карда буд.
Бунгоҳи шойеапарокании “Би Би Си” -и Британия ҳамвора дар талош барои дахолат ва эҷоди ихтилоф дар кишварҳои ҷаҳон будааст.
Кумитаи масунияти хабарнигорони Афғонистон ахиран шабакаи “Би Би Си” -ро расонаи муғриз ва танишзо дар ин кишвар муаррифӣ карда буд.