Апрел 20, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Кашфи миллионҳо евро дар маҳалли иқомати раисҷумҳури барканоршудаи Судон

Нерӯҳои мусаллаҳ ва иттилооти низомии Судон имрӯз (шанбе) дар бозрасӣ аз иқоматгоҳи собиқи Умар Албашир, раисҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, мизони қобили таваҷҷуҳе арз ба арзиши беш аз 6 миллион евро кашф карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муътасим Абдуллоҳ Маҳмуд, муовини додситони расидагӣ ба парвандаҳои фасод таъкид кард, дар иҷрои дастури Шӯрои низомӣ дар хусуси мубориза бо фасод, маҳалли иқомати собиқ Албашир бозрасӣ ва беш аз шаш миллион евро кашф ва ба Бонки марказии Судон ворез шуд.

Як манбаи огоҳи қазоӣ ба хабаргузории “Рейтер” гуфтааст, ки Додситонии кулли Судон дар ҳоли расидагӣ ба парвандае барои Умар Албашир дар заминаи пулшуӣ аст.

Манобеи огоҳи судонӣ чанд рӯз пеш фош карданд, ки Шӯрои низомӣ раисҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро ба зиндоне дар Хартум, пойтахти Судон мунтақил кардааст.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳи наздик ба Албашир пештар гуфта буд, ки вай дар хонае дар Хартум таҳти ҳифозати нерӯҳои амниятӣ қарор дорад.

Дар пайи эътирозҳои мардумӣ дар Судон, ки беш аз чаҳор моҳ идома дошт, саранҷом артиш иин кишвар як ҳафта пеш бо судури баёнияе барканории Албаширро пас аз 30 соли ҳукумат таъйид ва се моҳ ҳолати фавқулода ва як моҳ мамнуъияти рафтуомадро дар ин кишвар эълом кард.

 

Барчасп