Апрел 21, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди давраи кории раисҷумҳури Афғонистон

Аъзои Додгоҳи олии Афғонистон давраи кории Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури ин кишварро то замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии оянда тамдид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ово бар асоси асноде, ки дар ихтиёри шабакаи телевизионии Афғонистон (Ориёно Нюз) қарор гирифтааст, аъзои Додгоҳи олии ин кишвар давраи кории Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишварро то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва таъини раисҷумҳури нав тамдид кардаанд.

Бар асоси моддаи 61 Қонуни асосии Афғонистон давраи кории раисҷумҳур 22 моҳи май (аввали хурдодмоҳ) ба поён мерасад.

Қарор аст интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бо рақобати 18 номзад дар таърихи 28-уми сентябри 2019 баргузор шавад.

Барчасп