Суханони Владимир Зеленский пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Украина
(last modified Mon, 22 Apr 2019 06:37:40 GMT )
Апрел 22, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Суханони Владимир Зеленский пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Украина

Владимир Зеленский фарди пирӯз дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина эълом кард, дар назар дорад фароянди сулҳ дар кишварашро бо мушорикати Русия эҳё кунад.

Ба гузориши Франсс Пресс, Владимир Зеленский камедияне, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбе дар Украина ба пирӯзии қотеъ даст ёфт, хитоб ба ҳаводоронаш эълом кард, онҳоро ноумед нахоҳад кард ва сулҳ дар кишварашро бо мушорикати Русия барқарор мекунад.

Зеленский ҳамчунин аз мардуми дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ хост раҳбарони навро ба қудрат бирасонанд.

Вазорати умури хориҷаи Русия низ дар вокуниш ба пирӯзии Владимир Зеленский дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Украина ин пирӯзиро нишондиҳандаи талоши миллати Украина барои тағйир дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар донист.

Владимир Зеленский бо касби 73 дарсади оро тавонистааст дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина бар Петро Прашенко раиси ҷумҳури ғарбгарои кунунии ин кишвар пирӯз шавад.

Украина дар апрели соли 2014 саҳнаи даргириҳои давлат ва мухолифон дар минтақаҳои шарқии Луҳанск ва Дунетск дар паи кудатои ғарбгароён алайҳи давлати вақт аст.

Давлати кунунии Украина ва муттаҳидони ғарбиаш аз ҷумла Амрико муддаъӣ ҳастанд Русия дар даргириҳои шарқи Украина дахолат ва аз мухолифони давлати ин кишвар ҳимоят мекунад. Маскав борҳо ин иддаои Амрико ва муттаҳидонашро рад кардааст.