Раисиҷумҳури Туркманистон: Кишварҳои минтақа бояд аз зарфиятҳои тиҷории хати оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон истифода кунанд
(last modified 2016-09-17T14:11:46+00:00 )
Сентябр 17, 2016 19:11 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Туркманистон: Кишварҳои минтақа бояд аз зарфиятҳои тиҷории хати оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон истифода кунанд

Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, иттисоли хати оҳани Қазоқистон - Туркманистон - Эрон ба якдигар ва хати оҳани Тоҷикистон -Туркманисон - Афғонистон зарфиятҳои тиҷории зиёдеро дар минтақа ба вуҷуд овардааст ва бояд кишварҳои минтақа аз ин зарфиятҳо истифода кунанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз (шанбе) дар маросими ифтиттоҳи фурудгоҳи ҷадиди байналимилалии Ашқобод (пойтахт Туркманистон), ки Аббоси Охундӣ- Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон низ ҳузур дошт, афзуд, солиёна беш аз 14 миллион мусофир метавонанд аз ин фурудгоҳ тараддуд кунанд.

Вай, сиёсати давлати Туркманистонро тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва фаромитақавӣ эълом кард ва гуфт, ин кишвар барои тасаҳҳули тараддуд аз гузаргоҳҳои байналмилалӣ барномарезиҳое кардааст. Вай изофа кард, эҷоди ҳамлу нақли чанд ваҷҳӣ аз аввлавиятҳои ин кишвар аст, то бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии кишварҳои минтақа ва фаромитақаро ба якдигар пайванд диҳад. Раисиҷумҳури Туркманистон ба заруратҳои эҳёи роҳи Абрешим ишора кард ва гуфт, ин роҳ бояд кишварҳои шарқиро ба Ғарб муттасил кунад, то аз ин тариқ битавонем ба унвони як пули иртиботӣ дар минтақа ба тақвияти нақши ҳамлу нақл дар тиҷорати ҷаҳонӣ кумак кунем.

Бердимуҳаммадов, идома дод: Туркманистон барои тавсеаи ҳамлу нақли барномаи зиёде дар дасти иқдом дорад ва акнун сохти Бандари Туркаманбошӣ, дар дарёи Хазар ва омода шудани фурудгоҳи ҷадиди Ашқобод дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон анҷом шудааст.

 

 

Барчасп