Ниҳоӣ шудани феҳристи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон аз ниҳоӣ шудани феҳристи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2019 хабар дод.
Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон эълом кард, феҳристи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро ниҳоӣ карда ва ба комиссияи интихоботи ин кишвар ирсол кардааст.
Ин комиссия тасреҳ кард, аз ҳеҷ як аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шикояте сурат нагирифтааст ва тамоми 18 номзад ба феҳристи ниҳоӣ роҳ пайдо кардааст.
Муҳаммадқосим Илёсӣ, дабири ин комиссия низ изҳор дошт, парвандаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз назари қонунӣ ва ҳуқуқӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва тамоми онҳо дорои шароит шинохта шуданд.
Вай афзуд, номае ба тамоми идороти давлатии ин кишвар мабнӣ бар воҷиди шароит будани тамоми 18 номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар фиристода шудааст.
Феврали гузашта комиссияи интихоботи Афғонистон аз шаҳрвандони ин кишвар хост то шикоят ва эътирози худро дар бораи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба сабт бирасонанд.
Ашрафғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳаниф Атмар, Раҳматуллоҳ Набил, Аҳмадвалӣ Масъуд , Латиф Пидром, Ғуломфоруқ Ҷелонӣ, Гулбиддин Ҳикматёр, Абдулҳаким Турсун, Сайиднуруллоҳ Ҷалилӣ, Иноятуллоҳ Ҳафиз, Зулмай Расул, Нурулҳақ Улумӣ, Шаҳоб Ҳакимӣ, Фаромарз Таманно, Иброҳим Алкузи, Нурурраҳмон Левол ва Шайдомуҳаммад Ибдолӣ номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.