Ба дом афтодани наҳанги ҷосус дар соҳилҳои шимолгон
(last modified Tue, 30 Apr 2019 08:19:41 GMT )
Апрел 30, 2019 13:19 Asia/Dushanbe
  • Ба дом афтодани наҳанги ҷосус дар соҳилҳои шимолгон

Давлати Норвегия эълом кард, ки як наҳанги муҷаҳҳаз ба абзори ҷосусиро дар савоҳили ин кишвар дар обҳои шимолгон ба дом андохтааст.

Ба гузориши шабакаи ББС, Идораи муҳити зисти Норвегия рӯзи душанбе эълом кард наҳангеро шиносоӣ ва сайд кардааст, ки бар баданаш таҷҳизоти дурбини GoPro  савор шуда ва барчасбе дорад, ки нишон медиҳад мабдаъи ҳаракати он шаҳри Сангт-Петербури Русия аст.

Давлати Норвегия мегуяд ин наҳанг эҳтимолан дар неруи дарёии Русия омӯзиш дидааст.

Профессор  Audun Rikardsen  мутахассиси норвегияии зисти баҳрӣ ин иттилоотро таъид карда ва шабакаи телевизионии саросарии Норвегия NRK видеое аз шиносоӣ ва сайди ин наҳанг пахш кардааст.

Истифода аз ҳайвонот аз ҷумла наҳанг ва дилфин барои мақсадҳои иттилоотӣ ва ҷосусии низомӣ дар даҳаҳои ахир роиҷ шудааст.

Асноди ба даст омада аз он ҳикоят мекунад, ки Амрико низ дар ҷанги Ироқ аз дилфинҳои филмбардор барои ҷосусӣ ва расади савоҳил баҳра мебурдааст.