Май 02, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати қудратҳои иқтисодии Осиё бо якҷонибагароии Амрико

Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба унвони қудратҳои иқтисодии Осиё,бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ мухолифат карданд.

Ба гузориши телевизиони Ҷопон, дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбе дар нишасти сиёсатгузорони аршади иқтисодӣ ва раисони бонкҳои марказии Чин,Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Фиджии Ҷопон содир шуд, се кишвар бар муқобила бо якҷонибагароӣ, ҳифозат аз чанд ҷонибагароӣ, беҳбуди шароити бозорҳои иқтисодӣ ва ҳамгароии минтақаӣ таъкид карданд.

Се қудрати Осиё дар ин баёния тасреҳ карданд, Чин , Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи масоили муртабит бо якҷонибагароӣ ва чандҷонибагароӣ ба таври машрӯҳ, ройзанӣ кардаанд ва дар ин чорчӯб ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳанд, тавсеаи чандҷонибагароӣ ба чолиш кашида шавад.

Сиёсатгузорони аршади Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар ин баёния мувофиқат карданд, нишасти баъдии вазирони дороӣ ва раисони бонкҳои марказии се кишвар соли 2020 дар Инчхон (Incheon)-и Кореяи Ҷанубӣ баргузор шавад.

Нишасти имрӯзи Чин,Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқи Осиё дар Фиджи баргузор шуд.

 

 

Барчасп