Ҳамла ба чандин масҷид ва маркази исломӣ дар Шри Ланка
Пулиси Шри Ланка аз ҳамла ба масҷидҳо ва марказҳои исломӣ дар ғарби ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНО, сухангӯи пулиси Шри Ланка гуфт; дар паи ин ҳамла, як мусалмон захмӣ шуд ва хасорати зиёде ба масҷидҳо ва марказҳои исломии шаҳри Чила,дар ғарби Шри Ланка ворид шуд.
Руван Гунасикара афзуд; барои кантроли авзоъ ва пешгирӣ аз ин ҳамла, маҳдудияти рафт ва омад дар шаҳри Чила вазъ шудааст.
Намояндагони гурӯҳҳои исломӣ дар Шри Ланка эълом кардаанд аз замони ҳамлаҳои терраристӣ дар Каламбу пойтахти ин кишвар,озор ва азияти мусалмонон афзоиш ёфтааст.
Ҳафтаи гузашта низ дар шаҳри Негомбо дар 40 километрии шимоли Каламбу, масеҳиён ба чандин хона ва худрави мутаалиқ ба мусалмонон ҳамла карда ва ба онҳо осеб расонданд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масулияти ин таркишҳоро ба уҳда гирифтааст.
Ҷамъияти 21 миллон нафарии Шри Ланка муташакил аз қабилаҳо ва мазҳабҳои мухталиф аст. Гурӯҳи будоӣ синҳолиҳо аксарияти ҷомиъаи Шри Ланкаро ташкил медиҳанд ва мусалмонҳо ҳудуди 10 дарсад аз ин ҷамъиятро ташкил медиҳанд ва пас аз ҳиндуҳо дуввумин гурӯҳи бузурги ақалият дар Шри Ланка ҳастанд ҳудуди 7 дар сади ҷамъияти Шри Ланка масеҳӣ ҳастанд.