Май 14, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раёсатҷумҳурии Афғонистон бо тарҳи ташкили давлати муваққат

Сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон тарҳи бархе номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии оянда барои ташкил давлати муваққат дар Афғонистонро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ хонд.

Ба гузориши “Спутник”, Ҳорун Чахонсурӣ рӯзи сешанбе дар баёнияе бо эъломи мухолифати дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон бо ташкили як давлати муваққат дар поёни давраи расмии давлати феълӣ таъкид кард, дархости бархе номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии оянда барои ташкили давлати муваққат фоқиди ваҷоҳат ва асоси қонунӣ аст.

Ахиран, аз маҷмӯи 18 номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 12 нафар аз тарҳи ташкили як давлати муваққат дар ин кишвар баъд аз поёни давраи давлати феълӣ дар таърихи 22-юми май то замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳимоят кардаанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ибтидо барои таърихи 20 апрел барномарезӣ шуда буд, аммо то кунун ду бор ба таъвиқ афтода ва феълан таърихи 28-уми сентябр барои баргузории ин интихобот дар назар гирифта шудааст. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон эълом кардааст, пас аз поёни давраи кории худ танҳо замоне канорагирӣ мекунад, ки раисҷумҳури ҷадид интихоб шуда бошад.

 

Барчасп