Дархости бозхости Трамп
(last modified 2019-05-18T08:32:33+00:00 )
Май 18, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости   бозхости Трамп

Намояндаи Демократ ва раиси Кумитаи имконоти моллии маҷлиси намояндагони Амрико, зимни интиқод аз раиси ҷумҳурии ин кишвар,бозхости вайро хостор шуд.

Ба навиштаи нашрияи Ҳел Максин Ватрз сенатори демократи иёлоти Калифорниё ва раиси Кумитаи имконоти моллии маҷлиси намояндагон рӯзи ҷумъа, бо интиқод аз амалкарди Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва коршиканиҳои ӯ, бори дигар хостори бозхости Трамп шуд.

 Ватрз афзуд;, Трамп раиси ҷумҳури дуруғгӯст ва дар дусоли гузашта беш аз ҳашт ҳазор бор дуруғ гуфта ва замони бозхости ӯ фаро расидааст.

Натиҷаҳои як назарсанҷии нав дар Амрико нишон медиҳад 70 дар сади демократҳо аз бозхости раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимоят мекунанд.

Дар моҳҳои ахир, бисёре аз мақомоти кунунӣ ва пешини Амрико ва ҳамчунин мардуми ин кишвар, аз Трамп интиқод кардаанд ва вайро бекифоят хондаанд.

Фармонҳо, изҳорот,рафторҳои ҷанҷолӣ ва фасоди ахлоқии Доналд Трамп ва ҳамчунин парвандаи иртиботи ӯ бо русҳо дар интихобои соли 2016 боис шуда бисёре аз мардум ва сиёсатмадорони амрикоӣ, мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар ҳадди вай надонанд.

Барчасп