Оғози интихоботи парлумонӣ дар Русия
(last modified Sun, 18 Sep 2016 13:48:24 GMT )
Сентябр 18, 2016 18:48 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи парлумонӣ дар Русия

Интихоботи парлумонӣ дар шарқтарин нуқтаи Русия оғоз шуд.

Нахустин шуъбаи ахзи раъйи ҳафтумин давраи интихоботи маҷлиси Думаи Русия, соати 8 субҳ (ба вақти маҳаллӣ) рӯзи якшанбе дар нимҷазираи Камчатка шурӯъ ба кор кард. Ин интихобот дар 11 минтақаи замонии мухталиф дар Русия баргузор мешавад. Интихоботи парлумонӣ ва маҳаллии Русия соати 21 ба вақт маҳаллӣ ба поён хоҳад расид. Қарор аст, шаҳрвандони Русия дар интихоботи парлумонии кунунӣ аз миёни номзадҳои мухталиф, 225 нафарро аз феҳристҳои ҳизбӣ ва 225 нафари дигарро аз миёни номзадҳои мустақил интихоб кунанд, то дар канори ҳам 550 намоянда, давраи ҷадиди парлумонии ин кишварро ташкил диҳанд.

Пешбиниҳо ҳокӣ аз пирӯзии муҷаддади Ҳизби Русияи Воҳид, дар ин интихобот аст. Камо ин ки натоиҷи назарсанҷии ҷадиди муассисаи "FOM" нишон медиҳад, 43 дарсад аз мардуми Русия ба ин ҳизб раъй хоҳанд дод.

Раванди муборизоти интихоботӣ дар интихоботи 2106, нисбат ба интихоботи соли 2011 оромтар баргузор шуд. Пас аз баргузории интихоботи соли 2011 ва матраҳ шудани иттиҳоми тақаллуб, эътирозоти густурдае дар Русия бар по шуд, ки бо ҳимояти густурдаи ғарбиҳо аз муътаризон ҳамроҳ буд, бо ин ҳол давлати Русия тавонист ин эътирозотро контрол кунад.

Яке аз таҳаввулоти муҳим дар ин интихобот, изофа шудани ду минтақаи дигар ба қаламрави Русия яъне Қрим ва Севастопол аст ва бад-ин тартиб барои нахустин бор давлати Русия ин ду минтақаро низ машмули интихоботи парлумонӣ кардааст, Қрим дар пайи баргузории як ҳамапурсӣ дар марти 2014 ба қаламрави Русия мулҳақ шуд.

Бо ин ҳол, давлати Украина шадидан аз тарҳи Русия барои баргузории интихобот дар Қрим интиқод карда ва дар айни ҳол иҷозаи ширкати атбои русии муқими Украина, ки шумори онҳо 80 ҳазор нафар баровард мешавадро дар ин интихобот надодааст. Бо ин ҳол мақомоти Русия эълом кардаанд, ки сафоратхона ва консулгариҳои Русия дар Украина пазирои раъйдиҳандагон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба пешбиниҳо, тағйироти асосӣ дар тартиби курсиаҳои чаҳор ҳизби аслие, ки акнун низ дар Думои Русия ҳузур доранд рух нахоҳад дод.

Ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» (Единая Россия) аз соли 2000 мелодӣ токунун қудратро дар даст дорад. Ин ҳизб, ки акнун Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия раҳбарии онро бар ӯҳда дорад, дар давраи кунунии Думо, 238 курсӣ муодили ҳудуди 53 дарсади курсиаҳои Думоро дар ихтиёр дорад.

Бад-ин тартиб бо таваҷҷуҳ ба сайтараи ин ҳизб бар арсаи сиёсати дохилии Русия, интизор меравад ба рағми бархе рақобатҳо аз сӯи дигар аҳзоб, ин ҳизб бо навасони андаке, шумори лозими курсиҳоро барои идомаи султаи худ ба даст оварад. Пас аз ҳизби "Русияи воҳид", Ҳизби коммунист бо дар ихтиёр доштани 92 намоянда, муҳиммтарин ҳизби мухолиф аст ва дар радаи сеюм низ ҳизби ростгарои "Русияи одил" бо 68 курсӣ, қарор дорад ва Ҳизби ростгарои "либерал-демократ" низ соҳиби 58 курсӣ аст.

Давлати Русия бо таваҷҷӯҳ ба бурҳаи кунунӣ, ки танишҳо байни Русия ва Ғарб афзоиш ёфта, таваҷҷӯҳи хоссе ба ин интихобот дорад. Ин масъала бавижа ба далели талоши ғарбиҳо барои таъсиргузорӣ бар арсаи дохилии Русия ва афзоиши норизоятӣ ва нооромӣ аҳамият ёфтааст. Лизо давлати Русия талош карда, то таблиғоти интихоботӣ умдатан аз тариқи телевизион анҷом шавад, то имкони контроли онро ҳарчӣ бештар дар ихтиёр дошта бошад. Бо ин ҳол бархе аз мунтақидони Путин тавонистанд фурсати камсобиқаеро барои баёни дидгоҳи худ, хитоб ба раъйдиҳандагон дар телевизион ба даст оваранд, аммо чеҳраҳои шинохта шудаи аслии мухолифон, назири Алексей Навалний аз анҷоми таблиғот манъ шуданд.

Ба назар мерасад пас аз баргузории интихоботи парлумонии Русия бояд мунтазири вуқӯъи таҳаввулоти муҳимме дар сохтори низоми Русия бошем.

Гуфта мешавад, Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия қасд дорад дар ростои тамаркузи ҳарчӣ бештари қудрат ва низ эҷоди иҷмоъ дар сохтори тасмимгирӣ дар давлати Русия, тағйироти густурдаеро дар сатҳи мақомоти аршади Русия сурат диҳад ва низ бархе мақомоти мавриди эътимоди худро ба маносиби ҳассос мансуб кунад.