Тазоҳуроти мардуми Покистон дар "Рӯзи сиёҳи Кашмир"
Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Покистон дар ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд тазоҳурот карданд.
Ба гузориши ИРНА, ҳамзамон бо дувоздаҳумин рӯз аз давраи тозаи хушунатҳои хунин дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, мардуми Покистон ба даъвати давлати Исломобод, ки имрӯз -чаҳоршанберо "Рӯзи сиёҳ" эълом карда буд, тазоҳурот карданд ва ҳамдардии худро бо мардуми Кашмир ба намоиш гузоштанд.
Тазоҳуроткунандагон шиорҳое дар ҳимоят аз мардуми Кашмир сар доданд ва аз ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла Созмони милал хостанд то барои мутаваққиф кардани куштори шаҳрвандони Кашмир ба дасти нерӯҳои амниятии Ҳинд ба вазоиф ва масъулиятҳои худ амал кунанд.
Навози Шариф, нахуствазири Покистон низ дар паёме ба муносибати "Рӯзи сиёҳ" эълом кард, ки кишвараш ҳаргиз мардуми Кашмирро танҳо намегузорад ва ба талошҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи башарӣ барои дифоъ аз мардуми Кашмир идома хоҳад дод.
Аз замони оғози даргириҳои хунин миёни мардуми Кашмир ва нерӯҳои амниятии Ҳинд дар 12 рӯзи гузашта то кунун 49 нафар аз мардуми ин минтақа кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд.