Май 20, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакӣ ба наздикии сафорати Амрико дар Бағдод

Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба наздикии сафорати Амрико дар Бағдод (пойтахти Ироқ ) хабар доданд.

Вазорати кишвари Ироқ асобати чанд мушаки Катюша ба минтақаи Сабз дар наздикии сафорати Амрико дар Бағдодро таъйид кард.

Артиши Ироқ ҳам асобати мушакҳои Катюша ба минтақаи сабзи бағдодро таъйид ва бидуни хасорат эълом кард.

Шабакаи телевезиёнии Алолам ҳам гузориш дод, нерӯҳои амниятӣ ва мусалаҳи Ироқ пас аз вуқуъи инфиҷор дар минтақаи Сабзи Бағдод, ин минтақаро масдуд ва амалиёти ҷустуҷӯ ва бозрасиро дар он оғоз кардаанд.

Ҳамзамон бо ин таркиш садои бонги хатар дар бархе нуқтаҳои минтақаи Сабз ба садо даромад.

Ҳамзамон болгардҳои низомӣ бар фарози минтақа парвоз карданд.