Июн 01, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар омода набудан барои музокира бо давлати Афғонистон

Саркардаи Толибони Афғонистон эълом кард, Толибон ҳанӯз омодаи музокира бо давлати Афғонистон барои сулҳ нест.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”,мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода рӯзи шанбе дар остонаи иди Фитр, дар паёми солонаи худ таъкид кард, Толибон то замоне ки ба аҳдофаш нарасад, ба набард идома медиҳад ва ҳеҷ кас набояд интизор дошта бошад ин гурӯҳ пеш аз дастёбӣ ба аҳдофаш бар оташи ҷанг оби сард бирезад.

Раиси Толибон дар ин паём гуфтааст, Толибон ба дунболи поён додан ба чандин даҳа даргирӣ ва ташкили давлатӣ дар Афғонистон бо ҳузури тамоми афғонҳост.

Толибон, ки соли гузашта ба муносибати иди саиди Фитр оташбаси серӯза эълом карда буд, имсол ба дархости Ашраф Ғанӣ, раисҷмуҳури Афғонистон, ки авоили моҳи Рамазон хоҳони оташбас шуда буд, ҷавоби рад дод.

Толибон борҳо эълом кардааст, таваққуфи ҷанг ва барқарории оташбас ва сулҳи доимӣ дар Афғонистон, машрут ба хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар ва поёни ишғолгарӣ дар Афғонистон аст.

 

Барчасп