Июн 08, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  •  Ҳукми эъдом дар интизори хурдтарин зиндонии сиёсии Арабистон

Гурӯҳе аз вакилон ва ҳуқуқдонон аз судури ҳукми эъдом барои Муртаҷо Алқаририс навҷавони 18 солаи аҳли Қатиф ба шиддат ибрози нигаронӣ карданд. Вай ҳангоие,ки 14 сол бештар син надошт ва ба унвони хурдтарин зиндонии сиёсӣ дар Арабистон шинохта мешуд.

Бар асоси шунидаҳо,яке аз  иттиҳомоти Алқаририс ширкати вай бо гурӯҳе аз кудакони ҳам сину соли худ дар эътирози мардумии шарқи Арабистон дар соли 2011 аст,вай дар соли 2014 ва ҳангоме,ки бо хонаводаи худ қасди азиммат ба Баҳрайн ро дошт боздошт шуд.

Имрӯз бо гузашти 4 сол аз боздошти Алқаририс, додгоҳе дар Арабистон вай ро ба ҷурми узвият дар  гурӯҳҳои террористӣ,ба эъдом маҳкум кардааст.

Аҷибтарин нукта дар ин ҳукм, ширкати вай дар ташйиъи пайкари бародари шаҳиди худ Алӣ Алқририс мебошад,ки дар соли 2011 ба зарби гулулаи нерӯҳои амниятии саудӣ ба шаҳодат расида буд!

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар гузашта борҳо нисбат ба шароити нигаҳдории Алқаририс ва шиканҷаҳои сангине,ки вай дар зиндонҳои инфиродӣ мутаҳамил шуда ибрози нигаронӣ кардаанд.

 

Барчасп