Човуш Уғлу: Туркия аз таҳримҳои эҳтимолии Амрико намеҳаросад
(last modified Tue, 25 Jun 2019 04:20:14 GMT )
Июн 25, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Човуш Уғлу: Туркия аз таҳримҳои эҳтимолии Амрико намеҳаросад

Вазири хориҷаи Туркия эълом кард, кишвараш аз таҳримҳои эҳтимолии Амрико дар сурати таҳвили сомонаи дифоии ҳавоии С-400 Русия ҳаросӣ надорад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Мавлуд Човуш Уғлу рӯзи душанбе гуфт, Туркия кишваре нест, ки ба хостаи Амрико ё дигар кишварҳо ин таҷҳизотро харидорӣ кунад ё аз он сарфи назар кунад.

Човуш Уғлу бо баёни инки хариди сомонаи С-400 посухгӯи "ниёзи фаврии Туркия дар заминаи дифои ҳавоӣ" аст афзуд, агар Туркия ҳадафи ҳамлае қарор гирад Анкара наметавонад барои дифоъ аз худ руи Созмони паймони атлантики шимолии "НАТО" ё дигар муттаҳидонаш ҳисоб кунад, зеро тавони дифои ҳавоии НАТО танҳо 30 дарсад ҳарими ҳавоии Туркияро пушиш медиҳад.

Дар моҳҳои ахири тиниш миёни Амрико ва Туркия бар сари масоили мухталиф аз ҷумла хариди сомонаи С-400 боло гирифта ва Амрико борҳо Туркияро таҳдид кардааст, ки агар қарордоди хариди сомонаи С-400 Русияро бекор накунад, ҳадафи таҳримҳои Вашингтон қарор мегирад ё қарордоди фуруши ҷангандаҳои F-35  ба Туркия бекор хоҳад шуд.

Вашингтон муддаӣ аст истиқрори сомонаи дифои мушакии С-400 дар хоки Туркия нуқоти заъфи ҷангандаи пинҳонкори F-35  Амрикоро ошкор хоҳад кард.

Қарордоди фуруши С-400 Русия ба Туркия дар декабри 2017 ба имзоъ расидааст.

Барчасп