Июн 26, 2019 21:16 Asia/Dushanbe

Дар поёни шашумин давр аз музокироти Толибон ва Амрико эълом шуд, ки ҷонибҳо барои таҳияи пешнависи тарҳи созиши Толибон ва Вашингтон, ки мароҳили хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, оташбаси умумимиллӣ ва оғози музокироти байнулафғониро шомил мешуд, ба тавофуқ расиданд.

Дар ҳоле ҳафтумин давр аз музокироти Амрико ва Толибон дар Қатар 29 –уми июн оғоз мешавад, ки бархе аз коршиносон гуфтугӯҳои байнулафғониро низ муҳим арзёбӣ мекунанд.

Гузориши вижаи ҳамкорамон Ғафурӣ ба ҳамин мавзӯъ ихтисос ёфтааст.