Июн 30, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши исломии Нигерия: Шайх Закзоки тавассути давлати Нигерия масмум шудааст

Узви аршади Ҷунбиши исломии Нигерия рӯзи шанбе ахбори расонаҳо мабнӣ бар масмум шудани шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишварро таъйид карда гуфт, шайх Закзоки тавассути давлати Нигерия дар зиндон масмум шудааст.

Иброҳим Сулаймон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр” изҳор дошт, давлати Нигерия дар талош барои террори шайх Иброҳим Закзоки аст.

Сулаймон ҳамчунин аз бетаваҷҷуҳии Созмони Милал нисбат ба вазъияти ҷисмонии шайх Закзоки интиқод кард ва гуфт, ин созмон танҳо дар хидмати манофеи Амрико, режими саҳюнистӣ ва режими саудӣ аст.

Манобеи хабарӣ рӯзи панҷшанбе эълом карда буданд, артиши Нигерия шайх Закзокиро дар зиндон масмум кардааст.

Манобеи хабарӣ бо баёни ин ки масмумияти шайх Закхоки шадид аст, хотирнишон карданд, тими пизишкӣ дар ҳоли ройзанӣ бо давлати Нигерия аст то вайро ба бемористон мунтақил кунад.

Бар асоси эъломи манобеи хабарӣ, нишонаҳое аз вуҷуди филизи заҳролуди сурб ва кадмиум (cadmium) дар хуни шайх Закзоки мушоҳида шудааст.

Шайх Иброҳим Закзоки ва ҳамсараш 13 декабри 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба ҳусайнияе дар шаҳри Зориа боздошт шуданд.

 

Барчасп