Лузуми муқобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иқдомоти зиддибашарии Амрико
(last modified Thu, 04 Jul 2019 07:19:38 GMT )
Июл 04, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Лузуми муқобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иқдомоти зиддибашарии Амрико

Ширкаткунандагон дар нишасти "ҳуқуқи башари амрикоӣ, терроризм ва таҳрим" бо интиқод аз султаи Амрико бар ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, иқдоми ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи иқдомоти зиддибашарии Амрикоро хостор шуданд.

Коршиносони ширкаткунанда  дар нишасти "ҳуқуқи башари амрикоӣ, терроризм ва таҳрим" рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияи поёнии ин нишаст таъкид карданд, иқдомоти мухталифи ғайриқонунии Амрико дар саросари ҷаҳон аз ҷумла хуруҷ аз бАРҶОМ ва иҷрои таҳримҳои золимона алайҳи мардуми Эрон намунаҳое аз поймолсозии ошкори ҳуқуқи башар тавссути Амрикост.

Ин баёния бо ишора ба ҳамлаи нови амркоии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар севвуми июли 1988 меафзояд, ба эътирофи ҳамаи инсонҳои озодихоҳ ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар Халиҷи Форс намунае ошкор аз поймолсозии ҳуқуқи башар аст, ки тавассути давлатмардони Амрико сурат гирифтааст.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ҳаводис ва рухдодҳои мухталифи байналмиллалӣ ҳокӣ аз он аст, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои амниятбахш дар ҷаҳон ҳануз таҳти султаи қудратҳои бузург қарор доранд ва бо ин шева ҳаргиз наметавон ба сулҳ, адолат ва риояти ҳуқуқи башар дар ҷаҳон даст ёфт.

Дар ин баёния ҳамчунин аз ҳамаи соҳибназарон ва нухбагон ва созмонҳои мардумниҳоди фаол дар арсаи ҳуқуқи башар хоста шудааст бо баргузории ҷаласаҳои ҳамандешӣ ба нақзи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ва падидаи терроризм ҳассос буда ва ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи ин мавзӯъ ҳассос кунанд.