Июл 09, 2019 16:52 Asia/Dushanbe
  • Пешӣ гирифтани Байден аз Трамп дар назарсанҷиҳо

Натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ нишондиҳандаи пешӣ гирифтани муовини раисҷумҳури собиқи Амрико аз раисҷумҳури феълӣ аст.

Натоиҷи назарсанҷии муштараки шабакаи “ABC News” ва рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» ҳокӣ аз он аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ихтилофи 14 дарсад аз Ҷо Байден, яке аз номзадҳои демократи даври муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 дар Амрико ақиб афтодааст. Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, Байден, номзади демократҳо 55 дарсади ороъ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 41 дарсади ороъро ба даст овардаанд. Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки Трамп дар миёни он даста аз амрикоиҳое, ки барои раъй додан сабти ном кардаанд, низ бо ихтилофи 10 дарсад аз Байден ақибтар аст.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ, ҳамчунин нишон медиҳад, ки 65 дарсади мардуми Амрико муътақиданд, амалкарди Доналд Трамп аз замони оғози раёсатҷумҳурии вай номуносиб будааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, мизони маҳбубияти Трамп 47 дарсад аст.

 

Барчасп