Намояндаи вижаи Путин: бидуни таъмини манофеи Эрон дастёбӣ ба амнияти пойдор мумкин нест
(last modified 2019-07-10T04:42:45+00:00 )
Июл 10, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи вижаи Путин: бидуни таъмини манофеи Эрон дастёбӣ ба амнияти пойдор мумкин нест

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар дидори Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, бидуни дар назар гирифтани нақш ва таъмини манофеи Ҷумҳурии исломии Эрон имкони дастёбӣ ба амнияти муассир ва пойдор дар минтақа вуҷуд надорад.

Александр Лаврентиев намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Сурия бо дастури мустақими Владимир Путин ва барои ироаи гузориш аз иҷлоси сеҷонибаи мақомҳои олии амниятии Русия, Амрико ва режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ба Теҳрон сафар кард.

Ба гузориши ИРНО, Александр Лаврентиев  баъд аз зуҳри дирӯз (сешанбе) дар дидори Алии Шамхонӣ дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба иқдомоти расонаии густарда бароои табдили иҷлоси сеҷонибаи Русия, Амрико ва Исроил ба раванде алайҳи Эрон таъкид кард, мавозеи равшан ва сариҳи Русия дар хусуси ҳузури қонунии Эрон дар Сурия ва мухолифат бо сиёсати нокоромади фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон ба тарафҳои ширкаткунанда дар иҷлос эълом шуд.

Намоняндаи вижаи Путин ҳамчунин бо ишора ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи байналмиллалии БАРҶОМ тасриҳ кард: наметавон интизор дошт Теҳрон ба сурати якҷониба ва бидуни баҳрамандӣ аз ҳуқуқи қонунии худ дар БАРҶОМ бимонад, аммо кишварҳои дигар ба тааҳудоташон амал накунанд.

Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон ҳам дар ин дидор бо ишора ба раванди ру ба густариши ҳамкориҳо миёни Эрон ва Русия тасриҳ кард, мавозеи қотеъ ва мунсифонаи Русия дар мавзӯоте ҳамчун БАРҶОМ таҷовузи паҳподи амрикоӣ ба осмони Эрон роҳзании баҳрии Англия бо тавқифи нафткаши ҳомили нафти Эрон дар Ҷабалу Ториқ ва ҳузури қонунии Эрон дар Сурия қобили таҳсин аст.

Шамхонӣ бо табйини талоши Амрико барои афзоиши таниш ва ноамнӣ дар минтақа бо ҳадафи фуруши бештари силоҳ хотирнишон кард, Эрон зимни тадовуми иқдомҳои сиёсӣ ва дифоӣ барои пешгирӣ аз бесуботӣ дар минтақа аз манофеъ ва амнияти худ бо қотеият дифоъ хоҳад кард.

Барчасп