Июл 10, 2019 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори шохаи ҷудошудаи Толибон ба музокироти сулҳ дар Қатар

Шохаи ҷудошудаи гурӯҳи ифротии Толибон, мавсум ба шохаи Мулло Расул ҳушдор дод, музокироти ба истилоҳи сулҳи Амрико дар Қатар заминасози оғози ҷанги дигаре дар Афғонистон хоҳад шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Мулло Маннон Ниёзӣ, сухангӯи гурӯҳи Толибони Мулло Расул эълом кард, гуфтугӯҳои сулҳи Амрико бо Толибон ба саркардагии Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Доҳа на танҳо ба амният ва суботи Афғонистон кумак накардааст, балки заминасози оғози ҷаниг дигаре дар Афғонистон хоҳад шуд.

Вай зимни мухолифат бо ҳар гуна тавофуқи Амрико бо Толибон дар Қатар гуфт, чунин нишастҳое бояд дар дохили Афғонистон анҷом шавад ва сафари намояндагони Толибон ба Қатар муғойири манофеи миллии ин кишвар аст.

Пас аз эъломи марги Мулло Умар, саркардаи собиқи гурӯҳи террористии Толибон, шуморе аз фармондеҳони ин гурӯҳ шохаи дигаре аз Толибонро ба номи шохаи Мулло Расул ташкил доданд.

Афроди вобаста ба Мулло Расул дар се соли гузашта ҳамвора бо афроди Толибон ба саркардагии Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ва Мулло Ҳайбатуллоҳ (ҷонишинони Мулло Умар) дар ғарби Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот ва Фароҳ даргир будаанд.

 

Барчасп