Конгресси Амрико дасти Трампро барои ҷанг бо Эрон баст
(last modified Sat, 13 Jul 2019 13:04:48 GMT )
Июл 13, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Конгресси Амрико дасти Трампро барои ҷанг бо Эрон баст

Конгресси Амрико тарҳеро тасвиб кард, ки ихтиёроти раисҷумҳури ин кишварро барои ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад.

 

Ба гузориши “Спутник”, маҷлиси намояндагони Амрико ҷумъашаб ислоҳияе бар қонуни буҷаи дифоии ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он раисҷумҳури Амрико иҷоза надорад бидуни дарёфти муҷаввиз аз конгресс ҳеҷ ҷангеро алайҳи Эрон ё манофеи ин кишвар ба роҳ биандозад.

Ин ислоҳия бо 251 раъй муқобили 170 раъй ба тасвиб расид.

Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки тасвиби ин ислоҳия оғози фароянде аст, ки эҳтимолан бар асоси он Конгресси Амрико ихтиёроти васеи ҷангафрӯзонаи қувваи муҷрияи ин кишварро бекор мекунад.

 

Барчасп