Июл 18, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 200 ғайри низомӣ дар нооромиҳои ахири Афғонистон

Як ниҳоди ҳифозат аз ғайринизомиён дар Афғонистон эълом кард, таи 16 рӯзи гузашта дусат ғайринизомӣ дар ин кишвар кушта шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, раиси гуруҳи додхоҳии ҳифозат аз ғайринизомиёни афғон эълом кард, дар даргириҳо ва хушунатҳои 16 рӯзи гузашта дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҳудуди дусад ғайринизомӣ кушта ва 340 тани дигар маҷруҳ шудаанд, ки бештарашон зану кудак ҳастанд.

Азиз Аҳмад Тасел афзуд, ин идда аз ғайринизомиён бар асари бомборонҳои ҳавоии Амирко, даргириҳои хунини Толибон ва неруҳои амниятии афғон, бомбҳои канори ҷоддаӣ ва ҳамалоти террористӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Камиссиони ҳуқуқи башари Афғонистон низ пеш аз ин эълом карда буд дар 4 моҳи нахусти соли равон беш аз 2 ҳазору 500 маврид кушта ва захмии ғайринизомиён ба сабт расидааст.

Ҳузури 18 солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон на танҳо барои мардуми ин кишвар амният наёвардааст, балки ҳарруз бар шиддати ноамнӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар афзуда мешавад.

Амрикоиҳо солона 50 миллиард доллар барои амнияти низомиёни худ дар Афғонистон ҳазина мекунанд.

Барчасп