Июл 20, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • ПАҲПОД - ҳавопаймои бидуни сарнишин (Парандаи Ҳидоят-Пазир Аз Дур)
    ПАҲПОД - ҳавопаймои бидуни сарнишин (Парандаи Ҳидоят-Пазир Аз Дур)

Пойгоҳи хабарии “Ҳил”, ки наздик ба Конгресси Амрикост, гузориш додааст,  Эрон ба як абарқудрати паҳподӣ табдил шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, пойгоҳи хабарии “Ҳил” меафзояд, Эрон аз даҳаи 1980 иқдом ба сохти нерӯе аз паҳподҳои бумӣ карда ва дар ҳоли эҷоди зарродхонае аз паҳподҳои бумӣ аст.

Ин пойгоҳи хабарӣ муддаӣ шуд, ки “таҳдиди паҳподҳои Эрон фақат ба обҳои соҳилии ин кишвар ё кишварҳои ҳамҷвор бо он маҳдуд намешавад”.

Ин расонаи амрикоӣ истифодаи муттаҳидони Эрон дар минтақа аз паҳподҳои пешрафтаро таҳдиде барои Амрико ва муттаҳидонаш арзёбӣ карда навиштааст: “Ба назар мерасад фанноварии паҳподии Эрон рӯз ба рӯз пешрафтатар мешавад”.

“Ҳил” ба суханони ахири Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ишора карда, ки гуфтааст, Ҳизбуллоҳ соҳиби паҳподҳои ҷадид ва пешрафта аст.

 

Барчасп