Июл 21, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Толибон аз баргузории нишасти миёни афғонҳо дар Узбакистон

Сухангӯи Дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар эълом кард, ки ин гурӯҳ ба маҳзи дарёфти даъватнома, дар конфронси сулҳи миёни афғонҳо дар Узбакистон ширкат хоҳад кард.

Ба нақл аз ИРНА, Суҳайл Шоҳин гуфт: Таърихи нишасти Узбакистон ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо агар ин гурӯҳ даъватномае дарёфт кунад, онро дар назар хоҳад гирифт.

ки рӯзи гузашта Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи арги раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом карда буд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи нишасти миёни афғонҳо дар Самарқанди Узбакистон иттилое надорад.

Пеш аз ин расонаҳои Афғонистон ва Узбакистон аз баргузории дувумин нишасти сулҳи миёни афғонҳо дар шаҳри  Самарқанди Узбакистон хабар дода буд.

Даври нахусти ин нишаст бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ба муддати ду рӯз 7 ва 8 июл дар Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шуда буд.

Ин дар ҳоле аст,

 

Барчасп