Идомаи тазоҳурот дар Гонконг дар эътироз ба лоиҳаи ҷанҷолии истирдоди муҷримон ба Чин
(last modified 2019-07-21T15:22:19+00:00 )
Июл 21, 2019 20:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳурот дар Гонконг дар эътироз ба лоиҳаи ҷанҷолии истирдоди муҷримон ба Чин

Дар идомаи баргузории даври тозаи эътирозоти густурда дар Гонгконг зидди лоиҳаи истирдод, ҳазорон тан аз мардуми ин давлатшаҳр бори дигар ба хиёбонҳо омаданд.

Ба нақл аз ИСНА, даҳҳо ҳазор тан аз мӯътаризони гонконгӣ имрӯз якшанбе бо ҳузур дар хиёбонҳои атрофи марокизи муҳими тиҷорӣ дар ин давлатшаҳр, алайҳи лоиҳаи истирдоди муҷримон ба Чин роҳпаймоӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, дархости созмондиҳандагони ин роҳпаймоӣ барои ҳаракат ба самти минтақаи марказии Гонконг рад шуд.

Ин эътирозот дар ҳоле сурат мегирад, ки Кари Лам, раиси иҷроии минтақаи Гонконг чанде пеш аз лағви ин тарҳ хабар дода буд ва гуфт: Лоиҳаи истирдоди муҷримон ба Чин поён ёфтааст ва ҳеҷ лоиҳае дар ин замина вуҷуд надорад.

Барчасп