Вокуниши Сеол ба озмоиши мушакии Пиёнг-Йонг
Вазорати дифои Кореяи ҷанубӣ аз озмоиши мушакии нави Кореяи шимолӣ интиқод кард.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Чо Ҳион Су, сухангӯи Вазорати дифои Кореяи ҷанубӣ аз Кореяи шимолӣ хост озмоишҳои мушакии худро мутаваққиф кунад.
Ситоди муштараки артиши Кореяи ҷанубӣ эълом кард, Кореяи шимолӣ субҳи имрӯз ду мушаки кутоҳбурдро дар наздикии шаҳри бандарии Вонсан дар соҳили шарқии ин кишвар шиллик кардааст.
Ин дархости Кореяи ҷанубӣ аз Кореяи шимолӣ дар ҳолест, ки мушорикати Сеол дар размоишҳои муштарак бо Амрико, ки бар хилофи мувофиқатномаи муштараки ду корея аст муҷиби афзоиши таниш ва таҳаррукоти низомӣ дар минтақаи нимаҷазираи корея шудааст.
Кореяи шимолӣ борҳо эълом кардааст агар Амрико, Кореяи ҷанубӣ ва Жопон ба тааҳудоти худ дар баробари Пиёнг-Йонг амал накунанд он кишвар размоишҳои мушакии худро хоҳад гирифт.
Сарони Амрико ва Кореяи шимолӣ токунун се бор бо якдигар дидор карданд, ки ин дидорҳо ба иллати зиёдахоҳиҳои Амрико бидуни натиҷа поён ёфтааст.