Июл 28, 2019 11:58 Asia/Dushanbe
  • Мардуми кадом шаҳри Аврупо асолати худро эронӣ медонанд?

Мардуми шаҳри Ясберени Венгрия(Маҷористон), ки намоди тезҳӯшӣ дар ин кишвар ба шумор мераванд мӯътақиданд, ки эронитабор ҳастанд ва ба ин мавзӯъ ифтихор мекунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ба тозагӣ дар фазои маҷозӣ ва бисёре аз расонаҳо ин хабар мунташир шудааст, ки дар Венгрия шаҳре вуҷуд дорад, ки мардуми он худро эронитабор медонанд.

 Шаҳри Ясберен дар Венгрия, ки мардуми он чунин иддаое дар бораи асолати худ доранд, намоди тезҳӯшӣ дар ин кишвар аст .

 Ин шаҳр аз лиҳози таърихӣ ҳудуди 800 сол пеш ё бештар , бо ҳамла муғулҳо ва неруҳои муҳоҷим ба Эрон ва манотиқи таҳти ҳукуматаш, яке аз қавмҳои эронинажод аз сарзамини Қафқоз ё ҳамон осетинҳо  муҳоҷират карданд ва барои инки аз оташи ҷанг дур бимонанд, ба минтақае паноҳ бурданд, ки имрӯз  Ясберен ном гирифтааст.

 Мардуми қавми Осетия-Алания, ки ҳамон аҷдоди сокинони  Ясберен ҳастанд, аз мардумони эронинажод будаанд ва ҳатто дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ ба номи ин қавм ишора шудааст.

 Номи аҷдоди мардуми Ясберен дар Венгрия ҳатто дар асноди таърихии венгрияиҳо ва русҳо ҳам оварда шудааст.

 Номи ин қавм дар китобҳои таърихӣ «Яс ва ас» зикр шуда, ки бо номи шаҳри Язд ҳамреша аст.

Бо инки забони форсӣ дар байни ин қавм фаромӯш шуда, аммо решаҳои форсиро байни номҳои онҳо метавон пайдо кард.

 

Барчасп