Июл 30, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Ақиб андохтани додгоҳи расидагӣ ба вазъияти шайх Закзокӣ

Додгоҳи расидагӣ ба вазъияти шайх Закзокӣ ба рӯзи 5 август афтод.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, додгоҳи Кадона баъд аз дарёфти аснод ва изҳорот расидагӣ ба вазъияти шайх Закзокӣ ва ҳамсарашро ба ақиб андохт.

Қарор аст дар ҷаласае, ки дар таърихи 5 август баргузор мешавад дар хусуси эъзоми Закзокӣ ва ҳамсараш Зинат ба Ҳинд барои дармон тасмимгирӣ шавад.

Дар рӯзи 13 декабри 2015 бар асари ҳамлаи артиши Нигерия ба ҳусайнияи Бақиятуллоҳ шайх Иброҳим Закзокӣ захмӣ ва тавассути артиш дастгир ва зиндонӣ шуд.

Аз декабри 2015 то 13 январи 2018 шайх Закзокӣ ва ҳамсараш дар ҷои номушахаасе таҳти боздошт буданд ва танҳо доктори ӯ иҷозаи мулоқоти вайро дошт.

Дар июли 2019 ба манзури тақозои озодии Закзокӣ садҳо нафар аз тарафдорони ӯ хориҷи сохтмонҳои давлатӣ иҷтимоъ карданд ва полис бо истифода аз тирандозӣ ва гази ашковар барои пароканда кардани онҳо иқдом кард.

Дар ин даргириҳо теъдоде кушта ва беш аз 40 нафар дастгир шуданд. Раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия эълом карда, то замоне ки аз озодии Закзокӣ итминон пайдо накунем ин тазоҳурот идома дорад, чаро ки ӯ фавран ба дармон ва эъзом ба хориҷ аз кишвар ниёз дорад.

 

Барчасп