Рабуда шудани 30 мусофир дар вилояти Самангони Афғонистон аз тарафи Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45670-Рабуда_шудани_30_мусофир_дар_вилояти_Самангони_Афғонистон_аз_тарафи_Толибон
Аъзои гурӯҳи Толибон 30 мусофири афғонро дар масири шаҳристони Хуррам Сорбоғи вилояти Самангон, дар шимоли Афғонистон рабуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 05, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Рабуда шудани 30 мусофир дар вилояти Самангони Афғонистон аз тарафи Толибон

Аъзои гурӯҳи Толибон 30 мусофири афғонро дар масири шаҳристони Хуррам Сорбоғи вилояти Самангон, дар шимоли Афғонистон рабуданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳоҷӣ Сифатуллоҳ Самангонӣ, узви Шӯрои вилоятии Самангон рӯзи душанбе гуфт, ин мусофирон замоне рабуда шуданд, ки аз маркази шаҳри Ойбек, озими шаҳристони Хуррам Сорбоғ буданд.

Дар миёни афроди рабудашуда ду мақоми аршади давлати Афғонистон низ ҳузур доранд.