Август 06, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 3 марзбони афғонистонӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон

Мақомоти марзбонии Афғонистон аз кушта шудани 3 нерӯи марзбонии ин кшвар дар паи ҳамлаи ашхоси вобаста ба гуруҳи Толибон ба посгоҳи марзии фармондории Чоҳоб дар вилояти Тахор дар наздикии марзи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба нақ аз хабаргузории Шин-Ҳуа, Абдулхалил Асир намояндаи полиси вилояти Тахор бо таъиди ин даргирӣ гуфтааст, нерӯҳои амниятии ин минтақа барои нобуд кардани гуруҳи муҳоҷим ба амалиёти талофиҷӯёна даст заданд.

Вай таъкид кардааст, дар паи даргирии дигар дар шимоли шаҳри Толиқон маркази ин вилоят бо гуруҳи Толибон 5 аъзои ин гуруҳ ва 3 марзбон захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад яке аз фармондеҳони гуруҳи Толибон ба исми Хонмуҳаммад дар фармондории  Ишкамиш ба ҳамла ба маркази ин фармондорӣ иқдом карда буд, ки бо муқовимати нерӯҳои амниятӣ ру ба ру шуд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 26 августи соли 2018 як гуруҳи 12 нафарии мусаллаҳи ношинос аз дохили Афғонистон дар наздикии посгоҳи марзии Ҳамадонии Тоҷикистон бо убур аз марз худраве ҳомили 3 муҳитбони тоҷикро мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар ин ҳодиса ду муҳитбони тоҷик кушта шуданд ва нафари севвум муваффақ ба фирор шуд.

Гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухадир бо истифода аз минтақаҳои куҳистонии марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон талош мекунанд, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд.